Президенти Ӯзбекистон ба Теҳрон рафт

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба ин кишвар рафт.

    Сарвари давлати мо имрӯз дар пойтахти Эрон бо Президент Иброҳим Раисӣ ва пешвои олии маънавии Эрон оятуллоҳ Саййид Алии Ҳуманаӣ мулоқот мекунад.

    Дар мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олӣ масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои серсоҳаи Ӯзбекистону Эрон ва ҳамкории амалӣ дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ хоҳанд шуд. Оид ба рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор барпо мегардад.