Тибқи барномаи сафар, дар шаҳри Масқат музокироти дуҷониба дар сатҳи олӣ, мулоқотҳо бо роҳбарони ширкатҳои бузург ва дигар чорабиниҳо баргузор мегарданд.
Дар рӯзномаи нишасти дарпешистода масъалаҳои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои Ӯзбекистону Уммон, густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла савдо, сармоягузорӣ ва кишоварзӣ, инчунин фаъол гардондани табодули фарҳангиву башардӯстона ва сайёҳӣ қарор доранд.
Дар натиҷаи музокирот ба имзо расондани як қатор ҳуҷҷату созишномаҳо дар назар аст.