Дар нишасти ҷаҳонии иқлим сарони давлату ҳукуматҳои беш аз 150 кишвари ҷаҳон, раҳбарони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои молӣ ширкат хоҳанд кард.
Ба рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои татбиқи қоидаҳои асосии Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим, муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосири экологӣ, ҳамкориҳои васеи байналмилалӣ ҷиҳати пешбурди ҳадафу вазифаҳои рушди «сабз» ворид шудаанд.
Дар назар аст, ки сарвари давлати мо дар ҷаласаи умумии ҳамоиш маърӯза намуда, як қатор мулоқоту музокироти дуҷониба анҷом диҳад.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ соли 1993 ҳамроҳ шудааст. Соли 2018 кишвари мо узви Созишномаи Париж гардид.