Сарвари давлат зимни сафари худ ба ноҳияи Янгиҳаёт аз макони сохтмони технопарк ба нақша гирифташуда дидан кард.
Барои маҷмӯъ 210 гектар замин ҷудо карда шудааст. Аз ин шумор 150 гектараш дар ду марҳила ба музояда гузошта мешавад. Соҳибкороне, ки қитъаи замин гирифтаанд, мустақилона корхона месозанд.
— Дар Тошкент захираи замин маҳдуд аст, дар оянда ин гуна участкаҳо боқӣ нахоханд монд. Бинобар ин аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурдан лозим аст. Сохтани корхонаҳои дуошёна ба мақсад мувофиқ аст, — гуфт Президент.
Дар корхонаҳое, ки дар технопарк ҷойгиранд, таъсиси 20 ҳазор ҷойи корӣ дар назар аст. Умуман, минтақаи саноатӣ ба васеъ намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияи замонавӣ дар саноат ва тавассути ин бо кор таъмин намудани аҳолӣ мусоидат мекунад.
Дар ин ҷо тақдимоти маҳсулоти корхонаҳои ноҳияи Янгиҳаёт барпо гардид.