Президент ба ҷашни ҷавонон ташриф овард

    Ҳукумат 30 Iyun 2022 6214

    Президент Шавкат Мирзиёев 30 июн ба чорабинии идона дар боғи "Ӯзбекистони Нав" ба муносибати 30 июн — Рӯзи ҷавонон ташриф овард.

    Дар боғ инчунин павилонҳои ба номи Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Ал-Хоразмӣ, Алишери Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур, Ҷалолиддин Мангубердӣ ташкил карда шуда, дар онҳо ихтироот, эҷодкорӣ, маҳорати варзишӣ, ҳунарнамоии ҷавонон ба намоиш гузошта шудаанд.

    Сарвари давлат аз намоишгоҳҳо дидан карда, бо экспозитсияи онҳо шинос шуд, бо ҷавонон суҳбат кард.

    — Дониш ва ғайрати ҷавонони имрӯзаи мо маро беандоза шод мегардонад. Ҳамин тавр бояд бошад. Зеро дар рагҳои шумо хуни ниёгони бузург ҷорӣ мешавад. Таърихи мо на сию як сол, балки се ҳазорсоларо дарбар мегирад. Гузаштагони мо ба ду эҳё асос гузоштаанд. Ҳоло мо таҳкурсии Эҳёи сеюмро бунёд менамоем. Мо ба кӣ такя мекунем? Бар шумо. Дар ин бобат такягоҳи муҳими мо таълим мебошад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Натиҷаҳои олимпиадаи панҷ ташаббус низ дар боғ намоиш дода мешаванд. Тавре маълум аст, ин мусобиқаҳо тибқи қарори Президенти Ӯзбекистон аз 11 апрели соли равон баргузор гардидаанд. Дар марҳилаҳои ноҳиявӣ, соҳавӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии олимпиада зиёда аз 6 миллион нафар ҷавонон иштирок намуданд.

    Озмуни "Ёшлар овози", ки дар ноҳияи Бузатови Ҷумҳурии Қароқалпоқистон баргузор гардид, истеъдодҳои зиёдро кашф намуд. Президент бо ғолибони озмун суҳбат карда, ба онҳо барори кор орзу намуд.

    Дар мамлакати мо сиёсати ҷавонон мавқеи аввалиндараҷа дорад. Ба ин муносибат як ташкилоти алоҳидаи давлатӣ – Агентии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд. Аз соли равон 9,5 ҳазор нафар пешвоёни ҷавонон дар маҳаллаҳо ба кор шурӯъ карданд.

    Барои ҳалли мушкилоти бештар аз 700 ҳазор нафар ҷавонписарону духтарони ба «дафтари чавонон» дохилшуда 650 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Дар давоми сол аз ҳисоби ҷудо намудани 4 триллион сӯм барои дастгирии барномаҳои рушди соҳибкорӣ 220 ҳазор нафар ҷавонон бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Ба 560 ҳазор нафар ҷавонон барои шуғл гардидан бо кишоварзӣ замин ҷудо карда, бо кор таъмин карда шуданд.

    Ба баланд бардоштани сифати таълим низ диққати калон дода мешавад. Миқёси фаъолияти мактабҳои махсус, ки талабагон дар онҳо дониши амиқ мегиранд, васеъ мешавад. Танҳо мактабҳои президентиро аллакай 102 нафар ҷавонон хатм карданд, ки ба донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ дохил шудаанд.

    Тайи ду соли охир тавассути бунёди “Эл-юрт умеди” 400 нафар ҷавонон барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Соли гузашта дар олимпиадаҳои байналмилалии илмӣ 255 медал ба даст оварда шуд. Соли равон 382 нафар варзишгарони ҷавони мо дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ соҳиби 419 ҷоиза гардиданд.

    Хамаи ин дар павилонҳои фестивал инъикос ёфтааст. Сипас Президент ба амфитеатр омада, ҷавонони кишварро бо ид табрик гуфт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates