Президенти Ўзбекистон Урсула фон дер Ляйенро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба вазифаи раиси Комиссиям Аврупо табрик кард

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйенро ба муносибати дубора ба ин вазифа интихоб шуданаш табрик намуда, орзуҳои нек баён кард.

    Дар паёми худ Сарвари давлатамон саҳми бузурги шахсии Президенти Комиссияи Аврупоро дар солҳои охир ба сатҳи сифатан ва пурмазмуни нав баланд бардоштани муносибатҳои ҳамаҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо, дастгирии ҳамаҷонибаи муносибатҳои бебозгашти демократӣ ва дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат қайд намуд.

    Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои муштарак ҳамкорӣ дар тамоми самтҳои афзалиятнок ба сатҳи баландтар хоҳад расид.

    Азми қатъии Ӯзбекистон аз ҳарчи зудтар ба имзо расондани ҳамкорӣ ва шарикӣ, ки дар муносибатҳои байни кишварамон ва Иттиҳоди Аврупо саҳифаи комилан навро боз мекунад, таъкид гардид.

    «Итминон дорам, ки дар ояндаи наздик дар шаҳри Самарқанд баргузор намудани нахустин саммити «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» дар самти ғанӣ гардонидани робитаҳои минтақавии мо бо лоиҳаҳо ва барномаҳои мутақобилан судманд қадами муҳими амалӣ мегардад», - омадааст дар паёми Президент.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates