Дар кишвари мо
такмили инфрасохтори маҳаллаҳо, ташаккули симои Ӯзбекистони Нав ва фароҳам
овардани муҳити муносиб барои зиндагии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб
меравад.
Барномаи давлатии
«Соли рушди маҳалла ва тамоми ҷомеа» аз 26 феврали соли ҷорӣ ҳамчун роҳнамои муҳим
барои рушди ҳамаҷонибаи маҳаллаҳо ва баланд бардоштани иқтидори иҷтимоию иқтисодии
онҳо хизмат мекунад.
Маҳаллаи Боғимайдон, ки соли 1987 таъсис ёфтааст, имрӯз
симои комилан нав гирифтааст. Дар он 41 бинои бисёрошёна бо 1990 хона ҷойгир
буда, тақрибан 5,5 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Дар ҳудуди маҳалла
инфрасохтори муосир таъсис дода шудааст. Аз ҷумла, 20 майдончаи бозии кӯдакон,
11 майдончаи варзишии workout, 3 майдони мини-футбол ва як корти теннис сохта
шудаанд. Ду муассисаи томактабӣ қариб 500 кӯдакро фаро мегиранд.
Ба баланд
бардоштани фаъолияти иқтисодӣ ва таъмин намудани шуғли аҳолӣ низ аҳамияти
махсус дода мешавад. Айни ҳол зиёда аз 70 субъекти соҳибкорӣ фаъолият доранд,
ки ба коҳиши бекорӣ ва афзоиши даромади оилаҳо мусоидат мекунад. Аз 1048 ҷавони
маҳалла 949 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Ҳамзамон, корҳои ҳифз
ва васеъ намудани минтақаҳои сабз низ идома доранд. Бо ин мақсад соли 2022 экопарк
таъсис дода шуд. Имрӯз ин боғ, ки тақрибан 4,5 ҳазор дарахт дорад, ба макони дӯстдоштаи
истироҳати сокинон табдил ёфтааст. Дар он ҳамчунин «Нуронийлар маскани»
фаъолият мекунад, ки ба таҳкими муҳити иҷтимоию маънавӣ мусоидат менамояд.
Сарвари давлат бо
муаррифии корҳои анҷомдода оид ба таъмини амният дар маҳалла низ шинос шуд.
Даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ бо камераҳои назоратӣ ва системаҳои муҳофизатӣ
таъмин шудаанд. Воридшавӣ ва баромади одамон ва воситаҳои нақлиёт бо истифода
аз технологияҳои муосир назорат мешавад.
Президент шароити
фароҳамшударо аз назар гузаронда, бо пирони рӯзгордида ва фаъолони маҳалла суҳбат
кард. Таъкид гардид, ки маҳаллаи ободу осуда пояи ҷомеа буда, таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ
ва ҳамбастагии иҷтимоӣ вазифаи муҳим боқӣ мемонад.
Сарвари давлат ҳамчунин
дар ҷашни суманак, ки дар маҳалла баргузор гардид, иштирок намуда, бо сокинон
ва кӯдакон суҳбат кард. Ӯ инчунин бо ҷавононе, ки дар майдончаи варзиш машқ
мекарданд, мулоқот намуда, аҳамияти тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солимро
барои ташаккули шахсияти комил махсус таъкид намуд.