Президент аз ҳоли осебдидагони фоҷеа дар шаҳри Гулистон хабар гирифт

    Президент Шавкат Мирзиёев ба филиали вилояти Сирдарёи Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилии тиббӣ ташриф овард.

    Дар ин муассиса шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи таркиши баллони газ дар яке аз муассисаҳои хӯроки умумии шаҳри Гулистон, ки ду рӯз пеш рух дода буд, осеб дидаанд, табобат мегиранд.

    Роҳбарияти марказ ва табибон ба Президенти кишвар дар бораи вазъи беморон ва ҷараёни табобат маълумот доданд. Сарвари давлат ба утоқҳои беморон даромада, аз аҳволи шаҳрвандоне, ки ҷароҳатҳои дараҷаҳои гуногун бардоштаанд, пурсон шуд ва бо аъзои оилаҳои онҳо суҳбат анҷом дод.

    Президент ба масъулин супориш дод, ки расонидани тамоми кумаки зарурии тиббӣ ба осебдидагонро таҳти назорати қатъӣ гиранд. Бо изҳори ҳамдардӣ ба оилаҳои қурбониён, зарурати расонидани кумакҳои моддиро ба онҳо таъкид намуд.

    Дар назди мақомоти дахлдор вазифа гузошта шуд, ки сабабҳои ҳодисаро ҳамаҷониба таҳқиқ намуда, таъмини волоияти қонун, андешидани чораҳои пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо дар оянда ва пурзӯр намудани назорати риояи талаботи бехатарии зиддисӯхторро таъмин намоянд.