Иқтидори истеҳсолии ин корпус, ки ба таркиби фабрикаи №3-и ғанигардонии мис дохил мешавад, тақрибан 917 ҳазор тонна консентрати мис дар як солро ташкил медиҳад. Дар он пресс-филтрҳои муосири саноатӣ, агрегатҳои насосӣ, инчунин системаҳои гардиши шлам ва об насб гардидаанд. Таҷҳизот мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шуда, бо самаранокии баланд ва сарфаи энергия фарқ мекунад.
Дар айни замон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаанд. Аз 5 пресс-филтри корпус 3 адад ба истифода дода шудаанд, боз 2 адади дигар дар марҳилаи ба кор даровардан ва танзим қарор доранд.
Дар корпуси филтратсия чунин равандҳои технологӣ ба мисли қабул кардани консентрати мис пас аз флотатсия, ғафскунӣ ва филтратсияи консентрат, ҷудо кардан ва баргардонидани оби таҳшиншуда ба равандҳои технологӣ, нигоҳдории консентрати тайёри мис ё интиқоли он ба марҳилаи навбатии коркард анҷом дода мешаванд.
Имрӯз дар ин ҷо тақрибан 130 корманд фаъолият мекунанд.
Сарвари давлат бо раванди истеҳсолот ва маҳсулоти тайёр шинос шуда, инчунин бо кормандон суҳбат намуд.
Дар ҳамин ҷо бо иштироки Президент маросими гирифтани намунаҳои консентрати мис баргузор гардид. Намунаҳо дар 2 контейнер ҷойгир карда шуда, ба Осорхонаи Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ ва Осорхонаи давлатии геологии шаҳри Тошкент фиристода шуданд.