Президентҳо самтҳои асосии ҳамкориро қайд карданд

    Ҳукумат 21 Iyun 2022 3082

    Президентҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ брифинг баргузор намуданд.

    Роҳбари давлат ҳайати Озарбойҷонро самимона хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки таърихи пуршаъни байни ду халқ барои рушди ҳамкории бисёрҷанба дар рӯзҳои мо заминаи мустаҳкамро фароҳам овард.

    – Мо арзишҳои маънавӣ, дини умумӣ, маданият ва забони шабеҳи ҳам дорем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев. – Дар осори илмии Аҳмад Фарғонӣ ва Абурайҳон Берунӣ аз бисёр шаҳрҳои Озарбойҷон ёд мегардад, ки дар онҳо таъсири ҳамдигарии тамаддуни Шарқ ва Ғарб ба вуҷуд омадааст. Дар фонди Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ даҳҳо дастнависҳои нодири шоирон ва мутафаккирони озар, мисли Низомӣ, Хоқонӣ, Тусӣ, Фузулӣ, Хатаӣ ва дигарон эҳтиёткорона ҳифз мегарданд. Ин боз як далели он аст, ки халқи Ӯзбекистон аз қадим ба маданияти озар бо эҳтироми амиқ ва таваҷҷуҳ муносибат менамояд, таъкид кард пешвои Ӯзбекистон.

    – Дар мулоқот дар доираҳои танг ва васеъ мо масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаро муҳокима намудем. Гуфтугӯҳо бори дигар нишон доданд, ки мо омода ҳастем минбаъд низ ба манфиатҳои халқҳоямон ҳамкориро аз ҳар ҷиҳат мустаҳкам намоем. ӯамин ҳоло ҷамъи ҳуҷҷатҳои зиёд ба имзо расонда шуданд. Дар байни онҳо Декларатсия дар бобати амиқсозии шарикии стратегӣ ва вусъат додани ҳамкории бисёрҷанба вуҷуд дорад, ки дар муносиботи дуҷониба марҳалаи навро боз менамояд. Мо инчунин самтҳои калидии ҳамкориро муайян намудем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

    Таъкид шуд, ки дар ҳамкорӣ самти муҳим – вусъат бахшидани савдо ва ҳамкории саноатӣ ба шумор меравад. Дар солҳои охир табодули амвол ба таври назаррас афзуд. Теъдоди корхона ва лоиҳаҳои муштарак чор баробар афзуд.

    Ҷонибҳо бовар доранд, ки барои куллан фаъол сохтани ҳамкорӣ имконоти васеъ, пеш аз ҳама, омили иқтисодии сарпуркунандаи тарафайн вуҷуд дорад.

    Ба роҳ андохтани истеҳсоли муштараки автомобил дар Гаҷигабул, васеъ намудани ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли шоҳӣ мисоли ин аст. Даҳҳо лоиҳаи нав дар соҳаҳои истихроҷи нафту кимё, дорусозӣ, масолеҳи сохтмон, нассоҷии омода, озуқаворӣ, ҷавоҳирот, шаробпазӣ таҳия мегарданд.

    Самти дигари стратегӣ – рушди коммуникатсияи нақлиёт аст. Имрӯз ҳаҷми боркашонӣ, аз он ҷумла бо роҳи оҳани «Боку – Тбилиси – Қарс» меафзояд. Ҷонибҳо аҳду паймон намуданд, ки даҳлезҳои навро инкишоф дода, боркашонии мултимодалро меафзоянд, барои корхонаҳои нақлиётӣ шароити муносиб фароҳам меоранд.

    Дар партави афзоиши хатарҳои иқлимӣ ва мушкилоти бехатарии озуқаворӣ дар гуфтугӯҳо ба масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ эътибори алоҳида нигаронда шуд. Қарор гардид, ки коркардҳои илмӣ ва инноватсионӣ табодул гардида, дар бобати рақамисозии бахши аграрӣ ҳамдастӣ намудан, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ роҳандозӣ гардад.

    Дар гуфтугӯ ба фаъолсозии робитаҳои байниминтақавӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд. Барои амиқсозии онҳо тирамоҳи соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор намудани Анҷумани якуми минтақаҳо хидмат хоҳад кард.

    Дар соҳаи маданиву гуманитарӣ низ мамлакат ва халқҳоямон аз қадим бо риштаҳои умумӣ пайванд ҳастанд. Дар поёни гуфтугӯҳо қарор дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои маданият ва кино дар ду ҷониб, фаъолона инкишоф додани барномаҳои табодули гуманитарӣ ва ҷаҳонгардӣ қабул гардид.

    – Ҷамъбасти ташрифи таърихии давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон молики воқеан хусусияти пешраванда дорад. Мо ҳоло тамоми шароитро барои минбаъд мустаҳкам намудани дӯстии ду мардуми бародар ва амиқсозии шарикии стратегии мамлакатҳоямон ташаккул додем, – таъкид кард Президенти Ӯзбекистон.

    Президент Илҳом Алиев барои даъват миннатдорӣ изҳор намуда, таъкид кард, ки аз муваффақиятҳои Ӯзбекистон шод мебошад.

    – Ман аз он ки дар сарзамини Ӯзбекистони бародарӣ қарор дорам ва соҳиби он имконот ҳастам, ки бо Шумо доираи васеи муносиботи дуҷониба ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи мавзӯи сиёсати хориҷиро муҳокима мекунам, шод ҳастам, – таъкид кард Илҳом Алиев. – Ман фикр мекунам, ки ин ташрифи воқеан пешбар аст. Чунки бинобар моҳият ва ҳам шакл, бинобар муҳтавои мавзӯъҳои мавриди муҳокима, аз рӯи қарорҳое, ки мо расидем, ин ташриф ва қарордодҳо барои рушди минбаъдаи муносибатҳоямон асос мегардад.

    Ҳуҷҷатҳои баимзорасида ва иҷрои вазифаҳои имрӯза ба он мерасонад, ки муносибати байни мамлакатҳоямон боз ҳам мустаҳкамтар мегардад, таъкид кард роҳбари Озарбойҷон.

    – Мо имрӯз дар бораи ҳамкории иқтисодӣ, робитаҳои аҳли тиҷорат, масъалаҳои бехатарӣ ва иқтидори дифоъ, мустаҳкамсозии алоқаҳои маданиву гуманитарӣ суҳбат намудем. Яъне ба маънии васеаш, барои ҳамкории фаъоли мо таҳкурсӣ гузошта мешавад, – гуфт Президенти Озарбойҷон.

    Роҳбарони давлатҳо хусусияти конструктивии гуфтугӯ ва аҳамияти дастгирии ҳамдигарро дар доираҳои ниҳодҳои байналхалқӣ таъкид намуданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates