Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Миср 16 декабр дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод.
"Вазорати корҳои хориҷӣ ғарқ шудани киштиеро, ки 7 декабри соли 2025 муҳоҷирони ғайриқонуниро аз кишвари ҳамсоя ба Гретсия мебурд, пайгирӣ мекунад. Дар киштӣ 34 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла 14 мисрӣ буданд, ки зинда намонданд", - мегӯяд нашрия.
Вазорат ба оилаҳои қурбониён изҳори тасаллият карда, аз шаҳрвандон даъват кард, ки "ҷони худро зери хатар гузошта, ба васвасаҳои гурӯҳҳои марбут ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ дода нашаванд."
6 декабр киштие, ки муҳоҷиронро мебурд, дар соҳили Крит чаппа шуда, дар натиҷа 18 нафар ҳалок гардида буданд. Дар он вақт ду нафар наҷот ёфта буданд, хабар медиҳад iz.ru.








