Бар асари садамаи қатора дар Покистон 30 нафар ҳалок ва беш аз 80 нафар ҷпроҳат бардоштанд

    Воқеаҳо 7 Avgust 2023 2905

    Ба гузориши хабаргузории Geo, даҳ вагони қатори мусофирбар дар ҷануби Покистон аз релс хориҷ шуд, ки бар асари он дастикам 30 нафар ҳалок ва беш аз 80 нафар маҷрӯҳ шуданд.

    "Комиссар Аббос Балуҷ гуфт, ки дар ин ҳодиса дастикам 30 нафар ба ҳалокат расида, мусофирон ҳанӯз дар дар зери вакгонҳои фуру афтида қарор доранд", - хабар медиҳад шабакаи телевизионӣ.

    Пулис то ҳол сабабҳои садамаро ошкор накардааст. Дар натиҷаи фалокат ҳаракати поездҳо дар музофоти Синд катъ гардид. Мақомоти роҳи оҳан гуфтанд, ки корҳои барқарорсозӣ то 18 соат тӯл мекашанд, менависад РИА Новости.

    Сарвазири Синд Мурод Алӣ Шоҳ аз талафоти ҷонӣ дар ин ҳодиса изҳори таассуф кард ва дастур дод, ки ба осебдидагон ёрии фаврии тиббӣ расонида шавад.

    Ба корҳои наҷотбахшӣ пулис ва артиш ҷалб шуда, дар бемористонҳои Сангхара вазъияти изтирорӣ эълон шудааст. Аз 10 вагон нӯҳ вагон (дар қатора ҳамагӣ 17 адад буд) алакай аз ҷои ҳодиса берун оварда шуда, ҷароҳатбардоштагон ва ҷасади мурдагон аз он ҷо берун оварда шудаанд. Пулис гуфт, ки барои анҷом додани кор дар як вагон техникаи вазнин лозим аст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates