Дар ин бора Консулгарии Мексика дар изҳороти худ хабар додааст.
Тибқи изҳорот, се нафар аз ҳалокшудагон ва як нафари бедаракшуда кормандони флоти баҳрӣ мебошанд. Ду нафари дигар бемор ва шифокор будаанд. Ҳамсари бемор ва як парастор зинда мондаанд.
Ба иттилои Қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии Мексика, ҳавопаймои King Air ANX 1209 дар миссияи башардӯстона қарор дошта, ҳангоми наздик шудан ба шаҳри Галвестони иёлати Техас ба садама дучор шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳофизати соҳилии ИМА амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома дорад.
Бино ба иловаи агентӣ, барои муайян кардани сабабҳои ҳодиса тафтишот оғоз гардида, ҷараёни иҷрои расмиёти зарурӣ бо Консулгарии Мексика дар шаҳри Хюстон ҳамоҳанг карда мешавад, менависад report.az.