"Суқути ҳавопаймои сабукмуҳаррик дар наздикии нуқтаи аҳолинишини Еганово, ноҳияи Раменски рух дод," — гуфт ӯ.
Дар натиҷаи ин ҳодиса ду нафар ҳалок шуданд. Айни замон шахсияти онҳо ва сабабҳои рух додани фоҷиа таҳқиқ шуда истодаанд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии идораи минтақавии ҳолатҳои фавқулода, дар ҷои ҳодиса 26 нафар корманд ва ҳашт воҳиди техникаи гарнизони оташнишонӣ ва наҷотдиҳии маҳаллӣ фаъолият доранд, хабар медиҳад ria.ru.