Ибтикори таъсиси Кумита аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М. Мирзиёев 9 ноябри соли 2023 дар доираи Нишасти 16-уми СҲИ дар шаҳри Тошканд пешниҳод шуда буд.
Барои татбиқи ин ташаббус, масъала ба муҳокимаи ҷаласаҳои Шӯрои намояндагони доимии СҲИ бароварда, ба рӯзномаи «Коммюникеи Машҳад», ки дар 28-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲИ 3 декабри соли 2024 дар шаҳри Машҳад, Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ворид карда шуд.
Дар натиҷаи як қатор музокирот, ташаббуси Ӯзбекистонро давлатҳои узви СҲИ, аз ҷумла Эрон, Туркия, Покистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон дастгирӣ карданд.
24 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 291-уми Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои узв дар назди Котиботи СҲИ дар бораи таъсиси ин Кумита қарор қабул карда шуд.
Ҳамчунин ёдрас мекунем, ки соли 2024 ба шаҳри Шаҳрисабз мақоми пойтахти сайёҳии СҲИ дода шуд. Дар робита ба ин, 25-26 апрели соли 2024 дар ин шаҳр форуми байналмилалии намояндагӣ ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки роҳбарон ва мутахассисони идораҳои сайёҳии давлатҳои узви созмон баргузор гардиданд.