Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳавои бебориш дар назар аст, танҳо дар Қароқалпоқистон ва шом дар баъзе ҷойҳои вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Навоӣ, Сурхондарё борон меборад, раъду барқ мешавад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорати ҳаво 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт борон намеборад. Шамол дар як сония бо суръати 3-8 метр, шабона то 10-12 метр мевазад. Ҳарорат 18-20 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳсор обу ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 10-15 дараҷа гарм мешавад.