мрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳавои нимаабрӣ дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат меборад, дар баъзе ҷойҳо брон шиддат гирифта, эҳтимоли раъду барқ вуҷуд дорад. Дар вилоятҳои Бухоро, Навоӣ субҳ дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар вилоятҳои водии Фарғона дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ мешавад. Дар Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм борон намеборад. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, то 15-20 метр дар як сония шиддат мегирад. Ҳаво то 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Бино ба иттилои Хидмати Узгидромет, дар пойтахт баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония то 12-15 метр шиддат мегирад. Ҳарорати ҳаво 21-23 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳе борон меборад, гоҳе шадид шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония то 15-20 метр шиддат мегирад. Эҳтимоли селу обхезӣ имконпазир аст. Ҳарорат 10-15 дараҷаро ташкил медиҳад.