Бино ба иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт ҳаво абрнок шуда, барф меборад ва туман мефарояд. Роҳҳо ях мебанданд. Шамол аз самти шимолу шарқ дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 2-4 дараҷа хунук мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ҷойҳо шиддат гирифта, туман мефарояд. Хавфи тармакӯчӣ ҳаст. Роҳҳо ях мебанданд. Шамол дар баъзе ҷойҳо дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар ноҳияҳои ҷудогона эҳтимол то 17-22 метр, ва дар баъзе ноҳияҳо то 23-25 метр шиддат гирад. Ҳарорат 3-8 дараҷа хунук мешавад.