Бино ба маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт ҳавои бебориш дар назар буда, шамол дар як сония 5-10 метр мевазад, ҳарорати ҳаво 19-21дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон меборад. Дар баландкӯҳҳо (дар минтақаҳои аз 2000 метр баланд) эҳтимол борон ба барф табдил ёбад. Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Тошканд дар беш аз 2000 метр хавфи тармакӯчӣ ҳаст. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ омадани сел ва обхезӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 6-11 дараҷа гарм мешавад.