Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳаво нимаабр мешавад, дар вилоятҳои водии Фарғона дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, эҳтимоли раъду барқ ҳаст. Дар вилояти Тошканд нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Дар ҳудудҳои боқимондаи ҷумҳурӣ борон намеборад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ҳудуди 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт нимаи дуюми рӯз борони кутоҳмуддат дар назар буда, эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ вуҷуд дорад. Ҳарорати ҳаво 2325 дараҷа мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳе борон меборад, гоҳе шадид шуда, раъду барқ ба амал меояд. Эҳтимоли ҳодисаҳои селу обхезӣ ҳаст. Ҳарорат 10-15 дараҷаро ташкил медиҳад.