Имрӯз рӯзона дар ҷумҳурӣ бориш намешавад, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм дар баъзе ҷойҳо борон меборад. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар шимол ва биёбон дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метӣр шиддат гирифта, баъзе ноҳияҳоро тӯфони ғуборолуд фаро мегирад. Ҳарорат 25-30 дараҷа, дар шимол 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 27-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон намеборад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 18-23 дараҷа гарм мешавад.