Бино ба иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт рӯзона баъзан борон меборад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 7-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан боришот (борон, барф) борида, дар баъзе ҷойҳо шиддат мегирад. Эҳтимоли фаро гирифтани туман ҳаст. Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазиада, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 0-5 дараҷа гарм мешавад.