Имрӯз рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм боришот (борон, барф) меборад, дар вилояти Навоӣ эҳтимол бегоҳ борон борад. Ба баъзе ҷойҳо эҳтимол туман фарояд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат гирифта, баъзе ноҳияҳоро тӯфони ғуборолуд фаро мегирад. Ҳарорат 9-14 дараҷа, дар шимол 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Пагоҳӣ туман падид меояд. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияхои кӯҳӣ баъзан боришот (борон, барф) меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 4-9 дараҷа гарм мешавад.