Хидмати Узгидромет хабар медиҳад, ки дар пойтахт боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 30-32 дараҷа мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ба амал меояд, дар баъзе ноҳияҳо жола меборад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 20-25 дараҷа мешавад.