Пешгӯии обу ҳаво барои 13 ноябр

    Сайёраи сабз 13 Noyabr 2024 931

    Имрӯз рӯзона дар баъзе ҷойҳо борон меборад. Дар вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ субҳ дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли боридани борон вуҷуд дорад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм боришот пешбинӣ нашудааст. Дар баъзе минтақаҳо эҳтимоли падид омадани туман вуҷуд дорад. Шиддати шамол дар як сония 7-12 метр шуда, дар баъзе ҷойҳо метавонад то 13-18 метр афзоиш ёбад. Ҳарорат 5-10дараҷа гарм мешавад.

    Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 6-8 дараҷа гарм мешавад.

    Дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ гоҳ-гоҳ бориш (борон ва барф) пешбинӣ шудааст, дар баъзе ҷойҳо боришоти шадид. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли падид оамдани туман вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад.