Ба иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт дар нимаи дуюми рӯз эҳтимол борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал ояд. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 24-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ноҳияҳо борони шадид борида, раъду барқ ба амал меояд. Эҳтимоли пайдоиши сел ва обхезӣ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳаво 14-19 дараҷа гарм мешавад.