Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол бо суръати 3-8 метр вазида, шабона то 10-12 метр дар як сония шиддат мегирад. Ҳарорат 29-31 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Фарғона шомгоҳон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ​​ба амал меояд. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат 17-22 дараҷа гарм мешавад.