Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 37-39 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад ва дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 вазида, дар вақти раъду барқ то 13-18 метр пурзӯр мегардад. Ҳарорат 25-30 дараҷа гарм мешавад.