Субҳи имрӯз дар вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Қашқадарё, дар ҳудудҳои боқимонда рӯзона дар баъзе ҷойҳо борон меборад, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли ба барф мубаддал шудани борон ҳаст. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм ва Сурхондарё боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-18, дар баъзе ноҳияҳо то 20-23 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт баъзан борон борида, ба барф мубаддал мешавад. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 3-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо барф меборад, фаромадани туман дар назар аст. Хавфи тармакӯчӣ ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида ва дар баъзе ҷойҳо то 15-18 метр пурзӯр мегардад. Ҳарорат 1-6 дараҷа хунук мешавад.