Имрӯз дар Ӯзбекистон ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст, танҳо дар баъзе ҷойҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм борон меборад. Дар вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ дар баъзе ҷойҳо эҳтимол каме борон борад. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ омадани сел эҳтимол дорад. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр, дар ноҳияҳои ҷудогонаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Навоӣ, Ҷиззах то 25-28 метр шиддат мегирад. Ҳарорати ҳаво 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт борон намеборад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ҷойҳои ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо эҳтимоли боридан борон ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 2-7 дараҷа гарм мешавад.