Пешгӯии обу ҳаво барои 14 октябр

    Сайёраи сабз 14 Oktabr 2024 768

    Имрӯз рӯзона дар баъзе ҷойҳо борон меборад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм ва Сурхондарё борон пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 13-18, дар шимол 8-13 дараҷа гарм мешавад.

    Бино ба иттилои хидматти Узгидромет, дар пойтахт баъзан борон меборад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 15-17 дараҷа гарм мешавад.

    Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо борон меборад, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимол он шадид гардад, дар ноҳияҳои баландкӯҳ эҳтимоли ба барф табдил ёфтани борон ҳаст. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли падид омадани туман ҳаст. Дар доманакӯҳҳо ва кӯҳистони вилояти Тошканд ва вилоятҳои водии Фарғона ҳодисаҳои омадани сел ва обхезӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 5-10 дараҷа гарм мешавад.