Пешгӯии обу ҳаво барои 15 апрел

    Сайёраи сабз 15 Aprel 2025 1466

    Имрӯз рӯзона бориш дар назар набуда, танҳо дар баъзе минтақаҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм шомгоҳон борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 шиддат гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида эҳтимоли падид омадани тӯфони чанголуд ҳаст. Ҳарорати ҳаво 24-29 дараҷа гарм мешавад.

    Бино ба маълумоти хидмати обу ҳавосанҷии "Узгидромет" дар пойтахт бориш пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр вазида, шомгоҳон эҳтимол то 10-12 метр шиддат гирад. Ҳарорат 26-28 дараҷа гарм мешавад.

    Дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ вуҷуд дорад. Эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои сел ва обхезӣ ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 14-19 дараҷа гарм мешавад.