Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳавои бебориш дар назар аст. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр, дар вилояти Тошканд дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат рӯзона 9-14 дараҷа гарм, дар баъзе ҷойҳо то 16-18 дараҷа гарм мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт борон намеборад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 12-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон намеборад. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 4-9 дараҷа гарм мешавад.