Бино ба маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт борон меборад. Шамол дар як сония  5-10 метр вазида, то 12-15 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 6-8 дараҷа  гарм мешавад.

Дар баъзе ҷойҳои доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳ боришот (борон, барф) шуда, баъзан шиддат мегирад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳсори ҷумҳурӣ эҳтимоли падид омадани селу обхезӣ ҳаст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма ҳаст. Дар баъзе ҷойҳо туман мешавад. Шамол бо суръати 7-12 метр твазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония шиддат мегирад. Ҳарорат 0-5 дараҷа гарм мешавад.