Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт ҳаво нимаабр мешавад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳаво то 36-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ ва дар баъзе ноҳияҳо боридани жола мавҷуд аст. Шамол дар як сония то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 24-29 дараҷа мешавад.