Бино ба иттилои хидмати Узгидромет, нимаи дуюми рӯз дар пойтахт борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ мешавад. Шамол дар як сония бо суръати 3-8 метр мевазад, дар вақти раъду барқ эҳтимол то 12-17 метр шиддат гирад. Ҳаво то 36-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад, дар баъзе ҷойҳо раъду барқ мешавад ва дар баъзе ноҳияҳо боридани жола аз эҳтимол дун нест. Шамол дар як сония то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад.