Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол аз самти ғарб дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 23-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳ борон меборад, баъзан шадид шуда, дар баъзе ноҳияҳо жола меборад, раъду барқ ба амал меояд. Дар баландкӯҳҳо (зиёда аз 2000 м) борон ба барф табдил ёфта метавонад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр пурзӯр мегардад. Ҳарорат 11-16 дараҷа гарм мешавад.