Имрӯз рӯзона дар баъзе ҷойҳои саросари ҷумҳурӣ каме боришот (борон, барф) ба вуҷуд омада, дар вилоятҳои водии Фарғона бегоҳ эҳтимол каме боришот (борон, барф) борад. Дар вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Навоӣ, Қашқадарё ва Сурхондарё бориш намешавад. Баъзе ҷойҳоро туман фаро мегирад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 2-7 дараҷа гарм, дар шимол 2 дараҷа хунук — 3 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт баъзан борон борида, эҳтимол ба барф мубаддал шавад. Шамол дар як сония бо суръати 3-8 метр вазида, эҳтимол то 10-12 метр пурзӯр гардад. Ҳарорат 3-5 дараҷа гарм шавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, туман падид меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 0-5 дараҷа гарм мешавад.