Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт баъзан боришот (борон, барф) меборад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 5-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо барф меборад, фаромадани туман дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 0-5 дараҷа гарм мешавад.