Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар нимаи дуюми рӯз дар пойтахт каме борон меборад ва раъду барқ ба вуҷуд меояд. Шамол дар як сония 5-10 метр вазида, ҳангоми раъду барқ то 12-15 метр шиддат мегирад. Ҳарорати ҳаво 33-35 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол бо суръати 7-12 мевазад ва ҳангоми раъду барқ дар як сония эҳтимол то 15-20 метр шиддат гирад. Ҳарорати ҳаво 20-25 дараҷаро ташкил медиҳад.