Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад. Шамол дар як сония 5-10 метр вазида, эҳтимол то 12-17 метр шиддат гирад. Ҳарорат 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳ боришот (борону барф) шуда, дар баъзе ҷойҳо шиддат мегирад. Хавфи тармакӯчӣ ҳаст. Дар баъзе ҷойҳо шамол то 17-22 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 0-5 дараҷа гарм мешавад.