Бинобар маълумоти хидмати  Узгидромет субҳ дар пойтахт борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Рӯзона борон намеборад. Шамол дар як сония 7-12 меттр мевазад. Ҳарорат 35-37 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ҷойҳо шадид мегардад, раъду барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо жола меборад. Ҳодисаҳои селравӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр пурзӯр мегардад. Ҳарорат 24-29 дараҷа гарм мешавад.