Пешгӯии обу ҳаво барои 20 январ

    Сайёраи сабз 20 Yanvar 2025 1246

    Имрӯз рӯзона боришот пешбинӣ нашудааст. Дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли падид омадани туман вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо мумкин аст, то 15-20 метр шиддат гирад. Ҳарорат 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

    Тавре ки Агентии обуҳавосанҷии Ӯзбекистон хабар додааст, дар пойтахт боришот намешавад. Субҳ эҳтимоли падид омадани туман ҳаст. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 10-12 дараҷа гарм мешавад.

    Дар манотиқи кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо боришот (борон, барф) шуда, эҳтимоли падид омадани туман ҳаст. Дар ноҳияҳои кӯҳии Тошканд ва Намангон хатари тармакӯчӣ имкон дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе минтақаҳо шиддати он ба 13-18 метр мерасад. Ҳарорат 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.