Бино ба иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт нимаи дуюми рӯз боришот (борону барф) шуда, туман мефарояд. Дар баъзе ҷойҳо роҳҳо ях мебанданд. Шамол дар як сония бо суръати 3-8 метр вазида, эҳтимол то 10-12 метр шиддат гирад. Ҳарорат 5-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо барф борида, туман мефарояд. Дар баъзе ҷоқҳои роҳҳо яхбандӣ ҳосил мешавад. Хавфи тармакучӣ ҳаст. Шамол аз самти ғарб дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо эҳтимол то 15-20 метр шиддат гирад. Ҳарорат 3 дараҷа хунук -2 дараҷа гарм мешавад.