Тибқи маълумоти хидмати «Узгидромет» дар пойтахт борон меборад. Шамол дар як сония 3-8 метр вазида, эҳтимол то 10-12 метр шиддат гирад. Ҳарорат 15-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон борида, дар баъзе ҷойҳо борони шадид меборад. Дар минтақаҳои баландкӯҳ эҳтимоли гузариш ба барф мавҷуд аст. Хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимоли селфароӣ ва обхезӣ мавҷуд аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе мавзеъҳо метавонад то 13-18 шиддат гирад. Ҳарорат 7-12 дараҷа гарм мешавад.