Пешгӯии обу ҳаво барои 24 январ

    Сайёраи сабз 24 Yanvar 2025 1056

    Имрӯз рӯзона бориш пешбинӣ нашудааст. Дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли падид омадани туман ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 3-8 дараҷа гарм мешавад.

    Тибқи иттилои хидмати Ӯзгидромет дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад Ҳарорат 5-7 дараҷа гарм мешавад.

    Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориш пешбинӣ нашудааст. Дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли фаромадани туман вуҷуд дорад. Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Харорат 2 дараҷа сард — 3 дараҷа гарм мешавад.