Пешгӯии и обуҳаво барои 25 феврал

    Сайёраи сабз 25 Fevral 2025 1255

    Имрӯз дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм субҳ ва дар вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ гоҳ-гоҳ барф меборад. Дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ боришот (борон, шом ба барф мегузарад), дар баъзе ҷойҳо шадид мешавад. Дар вилоятҳои водии Фарғона эҳтимоли боридани борони сабук вуҷуд дорад. Дар баъзе ноҳияҳо туман эҳтимол дорад.

    Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо метавонад то 15-20 метр ва бо тундбод то 23-25 метр шиддат гирад. Ҳарорат 6-11 дараҷа гарм шуда, дар шимол аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

    Тибқи маълумоти Хадамоти Узгидромет дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад, шом мумкин аст ба барф табдил ёбад. Субҳ эҳтимоли туман ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 9-11 дараҷа гарм мешавад.

    Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон ва барф) шуда, дар баъзе минтақаҳо шиддат мегирад. Эҳтимоли падид омадани туман вуҷуд дорад. Дар вилоятҳои Тошканд ва Намангон хавфи тармакӯчӣ мавҷуд аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 3-8 дараҷа гарм мешавад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates