Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳаво ҳанӯз гарм боқӣ мемонад, танҳо дар Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Дар саросари ҷумҳурӣ вазиши шамол дар як сония то 17-22 метр шуда, баъзе ноҳияҳоро ғубори чанголуд фаро мегирад. Аз доманакӯҳҳо ва қаламрави кӯҳистонии вилояти Фарғона эҳтимоли гузаштани селҳои пиряхӣ ҳаст. Ҳарорати ҳаво 38-43 дараҷа, дар ҷануб то 47 дараҷа, дар шимол 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад .
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт ҳаво офтобӣ мешавад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат дар ҳудуди 41-43 дараҷа боқӣ мемонад.
Дар ноҳияҳои кӯҳсор борон намеборад. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат рӯзона 32-37 дараҷа мешавад.