Имрӯз рӯзона дар ҳудуди ҷумҳурӣ вуруди массаи ҳавои гарм аз ҷануби хориҷӣ давом мекунад. Ҳавои нимаабрӣ ва бебориш дар назар аст. Дар шимоли ҷумҳурӣ шамол дар як сония то 17-22 метр шиддат мегирад. Ҳарорати ҳаво то 32-37 дараҷа баланд мешавад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт ҳаво офтобӣ аст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳаво то 33-35 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо бориш намешавад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 20-25 дараҷаро ташкил медиҳад.