Ба иттилои хидмати “Узгидромет” нимаи дуюми рӯз дар пойтахт борон борида, то шом шояд ба барф табдил  ёбад. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 7-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад ва ба баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 3-8 дараҷа гарм мешавад.